[Осталось 3 дня] Финал международных олимпиад для 1-11 классов Выбрать олимпиаду→
Конкурс разработок «Пять с плюсом» апрель 2021
Добавляйте свои материалы в библиотеку и получайте ценные подарки
Конкурс проводится с 1 апреля по 30 апреля

Презентация "Вода родного края слаще материнского молока" на таджикском языке

Вода - источник жизни. В наши дни питьевая вода стала вторым по популярности напитком
библиотека
материалов
Содержание слайдов
Номер слайда 1

Оби кишвар мисли шири модар аст!Омўзгор: Зумратов А. Х.

Номер слайда 2

Дар бораи қадру қиммату аҳамияти об суханони пурҳикмате гуфта шудаанд, аз ҷумла: «Обу ободӣ», «Бе об ҳаёт нест», «Об манбаи ҳаёт аст». Ин гуфтаҳо шоҳиди онанд, ки мардуми тоҷик аз қадим обро гавҳари бебаҳои табиат ва унсури муқаддас медонистаанд.

Номер слайда 3

Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ибтикороти бузургашон бо ташаббусҳояшон вобаста ба масоили об ҳамчун сиёсатмадори хирадманди сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки пешниҳоди Пешвои миллати мост, ба ин шаҳодат медиҳад.

Номер слайда 4

Маънии «рушди устувор» ин рушди бонизом буда, 3 омили асосии зеринро дар худ таҷассум менамояд:1.рушди босуръати иқтисодиёт; 2. баробарии иҷтимоӣ; 3. суботи экологӣ.

Номер слайда 5

Тоҷикистон Ватани обҳои зулолу ширин аст ва наваду нуҳ дарсади ин обҳо нӯшокианд. Ин ганҷинаи табиатро эҳтиёт кардан ва сарфакорона истифода бурдан қарзи ҳар сокини кишвар мебошад.

Номер слайда 6

Об бошад гавҳаре қимматтар аз лаълу гуҳар,Покии ҳар қатраи он, покии хайрулбашар.

Номер слайда 7

«Бояд ҳама дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нафту газ, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест». Ин суханони таъкидомез ва андешабаран-гези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияту аҳамияти обро ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи зиндагӣ равшану дақиқ тавзеҳ мебахшанд.

Номер слайда 8

Об ҳаст, ободонӣ,Хок ҳаст, зиндагонӣ.

Номер слайда 9

Ба таъкиди бузургон, об муҳимтарин манбаи ҳаёт, омили ҳастӣ ва сафобахши зиндагист. Он покизагӣ, ободӣ ва шукуфоиро дар саросари сайёра таъмин менамояд. Ҳанӯз пеш аз милод донишманди бузург Ҳиппократ гуфтааст, ки об ибтидои ҳамаи ибтидоҳост.

Номер слайда 10

Дар набзи замин об бувад хуни наљот,Пурмева аз ӯст боғи сарсабзи нишот. Дар пайкари даҳр мисли хун мегардад,Ҷонбахши ҳаёти мо бувад оби ҳаёт. 

Номер слайда 11

Муҳаққиқону донишмандон кишвареро сарватманду хушбахт донистаанд, ки дар он об ва захираҳои он фаровон бошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистони азизи моро, ки хушбахтона, обҳои фаровон дорад ва захираҳои обиаш ғанианд, метавон дар шумори беҳтарину саодатманд-тарин мамлакатҳои дунё ба забон овард.

Номер слайда 12

Об асту ҳаёт пойдор аст,Об асту замин кишту кор аст. Маҳсули ҳама љаҳони ҳастӣ,Аз ҳастии оби файзбор аст.

Номер слайда 13

«Об нест – зиндагӣ нест», — гуфтаанд. Бинобар ин, барои он ки зиндагии шоиста дошта бошем, бояд ба қадри ҳар қатраи об бирасем, онро ҳифз намоем, покиза нигоҳ дорем.

Номер слайда 14

Зи љӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,Набояд фикандан дар он сангу хок.

Номер слайда 15

Мегӯянд, ки табиат манбаи муъҷизаҳост. Дар ҳақиқат, муъҷизаҳои табиат фаровон аст, вале муҳимтарин дороии он об мебошад. Об сарчашмаи зиндагист ва ҳар куҷо об бошад, он ҷо зиндагӣ ҳаст.

Номер слайда 16

Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. 

Номер слайда 17

Табиат муъҷизаҳои зиёде дорад, вале ба эътирофи умум, муҳимта-рину беҳамтотарин муъҷизаи он об аст, зеро бе об на зиндагӣ ҳасту на гулу гиёҳе.

Номер слайда 18

Об  омили саломатии инсоният ва ҳимояи одамон аз бемориҳост. Ҳамагон бояд дар мадди назар дошта бошанд, ки на ҳамаи захираҳову сарчашмаҳои об доимӣ ва адона-шавандаанд. Ин маврид даъвати хирадман-донаи устод Лоиқ ба ёд меояд: «Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз, ки фардо хушк хоҳанд шуд».

Номер слайда 19

Танҳо дар шаҳри Душанбе, ки бузургтарин нуқтаи аҳолинишин дар кишварамон мебошад, аз дохил ва атрофи он 5 дарёи пуроб мегузарад, чун Варзоб, Лучоб, Душанбе, Кофарниҳон ва Элок. Фикр мекунам дар тамоми сайёра ин ягона шаҳр, пойтахтест, ки аз он ва атрофаш на кам аз 5 дарёи серроб ҷорист.

Номер слайда 20

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъљизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об натанҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Номер слайда 21

Ташаккур ба диќќатон!

Информация о публикации
Загружено: 1 ноября
Просмотров: 124
Скачиваний: 1
Зумратов Азизбек Холмуродович
Внеурочка, СУЗ, Презентации

Проверьте знания своих учеников интересными заданиями

Красочные наградные дипломы и сертификаты для участников, свидетельства и благодарности каждому учителю, ежемесячный розыгрыш ценных призов!

Скачать материал